Пресс служба

11.06.2023 20:19:00

Санаи 10 майи соли 2023 таҳти роҳбарии Муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа аъзои Шӯро – роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, инчунин намояндагони шарикони рушд иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи Шӯро ҳисобот оид ба иҷрои барномаи миёнамуҳлати амал оид ба амалисозии Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар солҳои 2021-2023 ва дархости вазорату идораҳо оид ба талабот ба кумакҳои техникӣ аз ҷониби шарикони рушд баррасӣ гардиданд.
Дар оғози ҷаласа Муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Ҷ.А., қайд намуданд, ки низоми идоракунии молияи давлатӣ бо дастгирӣ ва роҳнамоии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол такмил ёфта, саҳми шарикони рушд дар татбиқи ислоҳоти гуногунҷанба назаррас мебошад.
Дар доираи ҷаласа аз ҷониби сардори сарраёсати буҷети давлатӣ Азимӣ З., ҳисобот вобаста ба иҷрои барномаи миёнамуҳлати амал оид ба амалисозии Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар солҳои 2021-2023, аз ҷумла корҳои анҷомдодашуда ва мушкилиҳои ҷойдошта манзур карда шуд.
Сипас, оид ба ҷалби кумакҳои техникӣ аз ҷониби шарикони рушд муовини сардори раёсати ҷамъбастии банақшагирии буҷети давлатӣ ва ҷумҳуриявӣ Шарифов Х., маълумот пешниҳод намуд.
Дар рафти баргузории ҷаласа аъзои Шӯро вобаста ба таҳкими ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва ҳамоҳангсозии фаъолияти минбаъда, инчунин муайян намудани тадбирҳои муосир барои амалӣ намудани Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мубодилаи афкор намуданд.

Powered by Froala Editor