Пресс служба

31.05.2024 8:42:12
Санаи 29 майи соли ҷорӣ дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, коршиносони мустақил ва кормандони воҳидҳои сохтории дахлдори вазорат Шарҳи натиҷаҳои арзёбӣ оид ба индекси шаффофияти буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023, инчунин муҳокимаи таҷрибаи ҷорӣ ва пешниҳодҳо ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани мукаммалӣ ва нашри оммавии ҳуҷҷатҳои асосии буҷетӣ доир гардид.
      Чорабинии мазкур дар ҳамбастагӣ бо лоиҳаи кумаки техникии Иттиҳоди Аврупо оид ба дастгирии буҷетӣ дар самтҳои идоракунии молияи давлатӣ ва таҳсилоти касбӣ-техникӣ ташкил карда шуд.
       Қобили қайд аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ислоҳот дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ диққати махсус дода, бо ин мақсад соли 2020 Стратегияи нави идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро тасдиқ намуд, ки дар он самтҳои асосии ислоҳот дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ мушаххас карда шуда, шаффофият ва ҳисоботдиҳии буҷет яке аз самтҳои афзалиятноки ислоҳот дар ин самт муайян гардидааст.
      Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арзёбии индекси шаффофияти буҷет шуруъ аз соли 2012 ширкат намуда, тибқи таҷриба натиҷаи арзёбии мазкур дар ду сол як маротиба баргузор ва нашр карда мешавад.
       Дар ин раванд, тибқи натиҷаҳои арзёбии охирин, ки дар соли 2023 гузаронида шуд, пешрафти назаррас дар баҳогузории навбатӣ, аз ҷумла дар мӯҳтаво ва нашри маълумоти буҷетӣ ба қайд гирифта шуд.
      Тибқи натиҷаҳои арзёбӣ индекси шаффофияти буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон 33 холро ташкил дода, 16 зина беҳтар гардид. Ҳамзамон, дар байни 125 кишвари ҷаҳон ба мақоми 90-ум расид.
       Вазорати молия ҷиҳати такмил ва таҳкими раванди таҳия ва нашри оммавии ҳуҷҷатҳои буҷетӣ мунтазам тадбирҳоро амалӣ намуда, натичаҳои ин тадбирҳои дарозмуддат дар айни ҳол ба мавқеъ ва индекси шаффофияти буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири мусбӣ расонда истодааст. 

Powered by Froala Editor