Маросими баимзорасонии созишномаҳо

Санаи 17 майи соли 2022 дар шаҳри Душанбе маросими баимзорасонии Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Барномаи RESILAND CA+: Лоиҳаи барқарорсозии устувори ландшафтҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд баргузор гардид, ки созишномаи мазкурро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва намояндаи доимии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон – ҷаноби Озан Севимлӣ ба имзо расониданд.

Ҳадафи лоиҳа – зиёд намудани масоҳати заминҳое, ки дар онҳо идоракунии устувори ландшафтҳо дар минтақаҳои интихобгардидаи Тоҷикистон роҳандозӣ мегарданд, инчунин таҳкими ҳамкориҳо бо мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар самти барқарорсозии ландшафтҳои байнисарҳадӣ мебошад.

Арзиши умумии лоиҳа 32,2 млн ҳуқуқи махсуси қарзгириро ташкил дода, он ба 45,0 млн доллари амрикоӣ (маблағи грантӣ) баробар мебошад.

Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2022 оғоз ёфта, анҷоми он соли 2027 ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамзамон, худи ҳамин рӯз, маросими баимзорасонии Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Лоиҳаи барқарорсозии неругоҳи барқи обии Норак, марҳилаи II) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд, инчунин Созишномаи лоиҳавӣ (Лоиҳаи барқарорсозии неругоҳи барқи обии Норак, марҳилаи II) байни Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ва ШСХК “Барқи Тоҷик” баргузор гардид.

Созишнома оид ба маблағгузориро аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор, Созишномаи лоиҳавиро Раиси ШСХК “Барқи Тоҷик” – Асозода Маҳмадумар ва аз тарафи Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ҷаноби Озан Севимлӣ – Намояндаи доимии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ба имзо расониданд, ки маблағи он 65,0 млн доллари амрикоӣ (маблағи грантӣ)-ро ташкил медиҳад.

Муҳлати умумии татбиқи лоиҳа 10 солро ташкил дода, бо дарназардошти дастрасии маблағҳо, лоиҳа дар ду марҳила амалӣ хоҳад шуд.

Марҳилаи якуми лоиҳа аз 3 қисм – иваз намудани 3 адад агрегат ва таҷҳизоти ёрирасони онҳо, иваз намудани автотрансформаторҳо (6 адад автотрансформатори якфазаи 220/500кВ) ва таъмини бехатарии садд иборат буда, муҳлати татбиқи он давоми 5 сол (солҳои 2019-2023) пешбинӣ гардидааст.

Дар маҷмуъ, то имрӯз барои маблағгузории марҳилаи якуми лоиҳа 326,9 млн доллари амрикоӣ ҷалб гардидааст, ки аз он 169,1 млн доллар – қарз ва 57,8 млн доллар гранти Бонки Умумиҷаҳонӣ, 60 млн доллар қарзи Бонки Осиёии Сармоягзориҳои Инфрасохторӣ ва 40 млн доллар қарзи Бонки Авруосиёии Рушд мебошад.

Марҳилаи дуюми лоиҳа таҷдиди 6 агрегати боқимонда ва таъмири асосии қисмҳои обгузари гидротурбинаҳо, иваз намудани трансформаторҳои баландкунандаи шиддат, иваз намудани дастгоҳи тақсимкунандаи 6 кВ дар толори мошинҳо ва механизмҳои борбардор бо тавоноии 360 тн ва дигар таҷҳизоти зарурии ёрирасонро дар бар гирифта, он давоми 5 сол (то соли 2028) татбиқ хоҳад гардид. То имрӯз барои марҳилаи мазкур 50,0 млн доллари амрикоӣ грант пешниҳод гардида, созишномаи молиявӣ ба имзо расидааст.