Вохӯрӣ бо намояндагони Бонки Осиёии Рушд

Санаи 9 марти соли 2023 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири молия – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо намояндагони Бонки Осиёии Рушд баргузор гардид.
Дар аснои вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи омодасозии лоиҳаи барномаи «Беҳтарсозии фазои соҳибкорӣ ва дастгирии идоракунии қарзи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Зербарномаи 3) фикру пешниҳодҳои худро баён намуданд.
Намояндагони Бонк қайд намуданд, ки барномаи пешниҳодгардида барои беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ба маблағи умумии 50,0 млн доллари амрикоӣ пешбинӣ гардидааст, ки ҳадафҳои асосии барномаи мазкур ташкили ҷойҳои нави корӣ барои ҷавонон ва занон, беҳтар намудани низоми баҳисобгирии корхонаҳои хурду миёна, инчунин рушди рақамикунонӣ ва тиҷорати электронӣ мебошад.
Дар интиҳои вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи дигар масъалаҳои мавриди назар мубодилаи иттилоъ намуданд.