ХАЙРУЛЛОЗОДА ШАМСУЛЛО ХАЙРУЛЛО

                                                                        E-mail: sh.khairullozoda@moliya.tj



 

Соли таввалуд:

13 январи соли 1988

 

 

Миллат:

Тоҷик

Таҳсилот:

 

 

 

Соли 2010 Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон ва соли 2024 Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Ихтисос:

Иқтисодчӣ – менеҷер.

Мукофотҳои давлатӣ

ва соҳавӣ:

 

 

 

 

 

 

 

Соли 2022 бо Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст. Солҳои 2012, 2013 ва 2014 Нозири андози беҳтарини Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2019 бо Ифтихорномаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2021 бо Нишони сарисинагии “Аълочии мақомоти андоз” сарфароз  гагардонида шудааст.

Рутбаи тахассусӣ:

 

Мушовири хизмати давлатии дараҷаи – 1

(Фармоиши вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.10.2020, №125 

 

 

ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:


 

2011-2012 с.

Мутахассиси шуъбаи ташкилию иттилоотии раёсати методология ва такмили маъмурияти андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон;

2012–2013 с.

Мутахассиси пешбари шуъбаи такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии андози раёсати такмили қонунгузории андоз ва санадҳои меъёрии андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон;

2013-2015 с.

Сармутахассиси шуъбаи такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии андози раёсати такмили қонунгузории андоз ва санадҳои меъёрии андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон;

Соли 2015

(то моҳи ноябр)

Сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба шаҳрвандон                                                      ва андозсупорандагони Раёсати хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон;

2015-2016 с.

Сардори Раёсати хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон;

2016 с.

Муовини сардор-сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба шаҳрвандон                 ва андозсупорандагони раёсати хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон.

Соли 2017

(то моҳи октябр)

Сармутахассиси раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2017-2019 с.

Сардори шуъбаи равзанаи ягона барои мусоидат ба сармоягузорони сарраёсати сармоягузории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2019-2020 с.

Иҷрокунандаи вазифаи муовини сардори сарраёсат-сардори раёсати ислоҳоти андози сарраёсати сиёсати андоз ва пардохтҳои давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2020-2024 с.

Муовини сардори сарраёсат-сардори раёсати ислоҳоти андози сарраёсати сиёсати андоз ва пардохтҳои давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз моҳи майи

соли 2024

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи  соли 2024 №275 Муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.