Хадамоти матбуоти

16.07.2024 07:26:11
  10 – 12 июли соли 2024 дар доираи Созишномаи молиявӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба таҳсилот ва тайёрии техникӣ, инчунин Барномаи дастгирии буҷети бахши шуғл ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини вазири молия Қурбониён С., сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Худоёрзода Х., сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сафарзода А., раиси кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раҳимӣ Ф. ва дигар намояндагони вазорату идораҳо ва кормандони мақомоти маҳаллии молия дар чорабинии омӯзишӣ оид ба идоракунии молияи давлатӣ дар Ҷумуҳрии Гурҷистон иштирок намуданд.
       Дар ин раванд, вохӯрии муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбониён С., бо муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Гурҷистон ҷаноби Георги Какауридзе баргузор карда шуда, дар доираи он масъалаҳо марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба, инчунин таҷрибаи Гурҷистон оид ба амалинамоии чорабиниҳо дар самти буҷетикунонии барномавӣ, таъмини шаффофияти буҷет, ислоҳот дар низоми хазинадорӣ, аудити дохилӣ ва назорат мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
        Ҳамзамон, дар ҳошияи чорабинии болозикр вохӯриҳои дахлдор бо роҳбарияти Идораи буҷетии Парлумони кишвари Гурҷистон ва сараудиторони Идораи аудити давлатӣ баргузор карда шуда, дар раванди он таҷрибаи Ҷумҳурии Гурҷистон оид ба амалинамоии чорабиниҳои назорати беруна аз рӯйи буҷети давлатӣ пешкаш карда шуда, инчунин ҳайат бо таҷрибаи мунитсипалитети Душет оид ба ҷорӣ намудани низоми буҷетикунонии барномавӣ ва шаффофияти буҷет дар сатҳи маҳал шиносоӣ пайдо карданд.
       Мавриди тазаккур аст, ки барои густариши фаъолият ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба, табодули таҷриба, такмили дониши тахассусӣ ва бархурдор шудан аз навгониҳои муосири соҳаи молияи давлатӣ аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста чунин чорабиниҳо дар дохил ва хориҷи мамлакат роҳандозӣ карда мешавад.


       

Powered by Froala Editor