Хадамоти матбуоти

30.08.2024 09:22:54

Санаи 29 августи соли ҷорӣ дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа доир ба шарҳу тавзеҳи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, инчунин тағйиру иловаҳои ба онҳо воридгардида баргузор гардид. 

          Ҷаласаро муовини вазири молия Хайруллозода Шамсулло Хайрулло ифтитоҳ намуда, ҳамзамон доир ба фаъолияти комиссияи ҷамъиятии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти танзими ҷашну маросимҳо дар вазорат иттилоъ доданд.

         Сипас, аз ҷониби прокурори калони раёсати экстремизм, терроризм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти давлатии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Эраҷ Қаландар маърӯза дар мавзӯи мавриди назар пешниҳод гардид.   

         Дар интиҳои чорабинӣ кормандони вазорат ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Powered by Froala Editor