Хадамоти матбуоти

16.09.2024 08:29:55
12 сентябри соли 2024 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон бо мақсади дар амал татбиқ намудани Ёддошти тафоҳум байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Қазоқистон аз ҷониби муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Юсуф Хайрулло ва муовини вазири молияи Ҷумҳурии Қазоқистон Кенбеил Даурен Маратулы Нақшаи чорабиниҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
     Дар ин замина, ҳайати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҷрибаи пешқадами Вазорати молияи Ҷумҳурии Қазоқистон дар самти рақамикунонии низоми молияи давлатӣ, маблағгузории соҳаи маориф ва низоми автоматикунонии хариди давлатӣ шинос гардиданд. 
     Инчунин, намояндагони Вазорати молия бо фаъолияти Маркази электронии молиявии Ҷумҳурии Қазоқистон шинос шуданд. 
      Ҳамзамон, ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Қазоқистон иброз намуда, омодагии хешро барои идомаи чунин чорабиниҳо оид ба мубодилаи таҷриба баён намуданд.
     Дар фарҷоми чорабинии мазкур муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Юсуф Хайрулло ташрифи ҷавобии ҳайати Ҷумҳурии Қазоқистонро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пайдо намудани шиносоӣ аз низоми иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ даъват намуданд.

Powered by Froala Editor