Хадамоти матбуоти
28.10.2024 07:51:17
Дар ҳошияи ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ ва Хазинаи Байналмилалии Асъор, ки дар шаҳри Вашингтон доир гардид, мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Ҷиҳад Азур – директори департаменти Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ (MCD) дар Хазинаи Байналмилалии Асъор баргузор шуд.
Дар аснои мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои татбиқи барномаи нави ҳамоҳангсозии сиёсати иқтисодӣ (PCI) ва дастгирӣ барои оғози барномаи молиявии иловагӣ барои Тоҷикистон (RCF) мубодилаи афкори судманд намуданд.
Powered by Froala Editor