Хадамоти матбуоти
14.04.2026 16:39:42
Санаи 13 апрели соли 2026 дар доираи иштирок дар ҷаласаҳои баҳории Бонки Умумиҷаҳонӣ ва Хазинаи Байналмилалии Асъор дар ш.Вашингтони ИМА мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон/Мудири кишварии Бонки Умумиҷаҳонӣ Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс бо директори департаменти кишварҳои Ховари Миёна ва Осиёи Марказии Хазинаи Байналмилалии Асъор Ҷиҳад Азур баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот ҷониби Тоҷикистон аз дастгирии доимии Хазинаи Байналмилалии Асъор изҳори қаноатмандӣ намуда, оид ба вазъи кунунии иқтисодиёти мамлакат ва дурнамои ҳамкориҳои минбаъда маълумоти мушаххас пешниҳод намуд.
Ҳамзамон, зимни мулоқот вобаста ба иҷрои муваффақонаи барномаи Хазинаи Байналмилалии Асъор таъкид гардида, қайд карда шуд, ки натиҷаҳои мусбати он барои таҳкими эътимоди шарикони рушд ва сармоягузорон, инчунин барои густариши имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҷалби маблағгузории байналмилалӣ заминаи устувор фароҳам овардааст.
Ҷониби Хазинаи Байналмилалии Асъор омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкории зич бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои таҳкими суботи макроиқтисодӣ, такмили сиёсати буҷетию андозӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунии молияи давлатӣ, рушди бахши хусусӣ, беҳсозии муҳити сармоягузорӣ, идоракунии қарзи давлатӣ, пешниҳоди кумаки техникӣ, пешбурди ислоҳоти афзалиятнок, рақамикунонии низоми молиявӣ ва таҳкими иқтидори институтсионалӣ иброз намуд.

Powered by Froala Editor
