Хадамоти матбуоти

06.11.2023 22:29:26
Нимаи дуюми рӯзи 13 октябри соли 2023 дар шаҳри Маррокаши Шоҳигарии Марокко мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо директори иҷроияи Фонди Авруосиёии Муътадилгардонӣ ва Рушд ҷаноби Широков Андрей Германович доир гардид.
        Зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ ва ғайра изҳори назар намуда, оид ба рушду тақвияти бештари ҳамкориҳо дар дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ омодагии худро баён намуданд.


Powered by Froala Editor