Хадамоти матбуоти

21.12.2023 19:21:40

       Санаи 21 декабри соли 2023 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии созишномаҳои грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ барои маблағгузории лоиҳаи “Рушди бахшҳои молиявӣ ва хусусӣ”, маблағгузории иловагии лоиҳаи “Минтақавии интиқоли нерӯи барқи CASA – 1000” ва маблағгузории иловагии “CASA-1000 Лоиҳаи дастгирии ҷомеа” баргузор гардид.

       Созишномаҳои мазкурро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва намояндаи доимии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҷаноби Озан Севимлӣ ба имзо расониданд.

       Ҳадафи асосии лоиҳаи “Рушди бахшҳои молиявӣ ва хусусӣ” ин таҳкими низоми суғуртаи пасандозҳо, қарздиҳии бонкӣ ба корхонаҳои хурду миёна ва мусоидат ба ҳамгироии корхонаҳои хурду миёна ба занҷирҳои арзиш мебошад.

       Маблағи лоиҳаи мазкур 37,2 млн ҳуқуқи махсуси қарзгириро ташкил медиҳад, ки он ба 50,0 млн доллари амрикоӣ баробар буда, аз ҳисоби гранти Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд маблағгузорӣ мегардад.

       Мақсади маблағгузории иловагии лоиҳаи “Минтақавии интиқоли нерӯи барқи CASA – 1000” ин интиқоли барқи изофаи тобистонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон мебошад. Ҳамчунин, лоиҳаи мазкур ба коркарди механизмҳои савдои нерӯи барқ ва ташкили бозори минтақавии нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ мусоидат хоҳад кард.

       Арзиши умумии маблағгузории иловагии лоиҳаи мазкур 11,0 млн доллари амрикоиро ташкил дода, аз ҷониби Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ҳамчун маблағҳои грантӣ пешниҳод гардидааст.

       Мақсади маблағгузории иловагии “CASA-1000 Лоиҳаи дастгирии ҷомеа” ин баланд бардоштани сифат ва вусъат бахшидани дастрасӣ ба хизматрасониҳои таъминоти барқ, инфрасохтори иҷтимоию иқтисодӣ ва мусоидат дар самти пурзӯр намудани иқтидори худидоракунии маҳаллӣ дар ҷамоатҳои фарогири ҳудуди лоиҳа ба ҳисоб меравад.

       Арзиши умумии маблағгузории иловагии лоиҳаи болозикр 10,0 млн доллари амрикоӣ мебошад, ки он аз ҷониби Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ҳамчун маблағҳои грантӣ пешниҳод гардидааст.


Powered by Froala Editor