Хадамоти матбуоти

21.12.2023 19:42:45

 Санаи 20 декабри соли 2023 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири молия – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Директори генералии Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ доктор Абдулҳамид Алхалифа сурат гирифт.

      Дар аснои мулоқот маросими баимзорасонии созишномаҳои қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ барои ҳаммаблағгузории марҳилаи якуми лоиҳаи “Таҷдиди роҳи автомобилгарди Гулистон – Фархор – Панҷ – Дӯстӣ” ва марҳилаи дуюми лоиҳаи “Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф” баргузор гардид.

      Созишномаҳои мазкурро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва Директори генералии Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ доктор Абдулҳамид Алхалифа ба имзо расониданд.

      Ҳадафи асосии лоиҳаи “Таҷдиди роҳи автомобилгарди Гулистон – Фархор – Панҷ – Дӯстӣ” ин баланд бардоштани самаранокӣ ва сифати шабакаи роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидат ба рушди иқтидори транзити байналмилалии кишвар мебошад.

     Маблағи созишномаи мазкур 10,0 млн доллари амрикоиро ташкил намуда, пурра аз ҳисоби маблағҳои қарзи имтиёзноки Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ маблағгузорӣ мегардад.

     Мақсади ҳаммаблағгузории марҳилаи дуюми лоиҳаи “Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф” ин мусоидат дар беҳтар намудани муҳити омӯзиш ва таҳкими низоми маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи навсозӣ ва васеъ гардонидани дастрасӣ ба инфрасохтори мактабӣ, ташкил ва тавсеаи низоми омӯзиши пайвастаи касбии омӯзгорон, ҷорӣ намудани арзёбии миллии омӯзиш ва мониторинги дастовардҳои таълим мебошад.

     Маблағи созишномаи болозикр 8,0 млн доллари амрикоиро ташкил намуда, пурра аз ҳисоби маблағҳои қарзи имтиёзноки Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ маблағгузорӣ мегардад.

Powered by Froala Editor