Хадамоти матбуоти

30.01.2024 20:50:49

 Санаи 30 январи соли 2024 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии Созишномаи қарзӣ, Созишномаи грантии кумаки техникӣ, Созишномаи қолабӣ ва Созишномаи агентӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд барои маблағгузории марҳилаи дуюми лоиҳаи «Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф» баргузор гардид.

       Созишномаҳои мазкурро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва директори минтақавии Бонки Исломии Рушд дар Осиёи Марказӣ – ҷаноби Иброҳим Шукрӣ ба имзо расониданд.

       Мақсади маблағгузории марҳилаи дуюми лоиҳаи «Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф» ин мусоидат дар беҳтар намудани муҳити омӯзиш ва таҳкими низоми маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи навсозӣ ва васеъ гардонидани дастрасӣ ба инфрасохтори мактабӣ, ташкил ва тавсеаи низоми омӯзиши пайвастаи касбии омӯзгорон, ҷорӣ намудани арзёбии миллии омӯзиш ва мониторинги дастовардҳои таълим мебошад.

       Арзиши созишномаҳои мазкур 70,0 млн доллари амрикоиро ташкил намуда, 45,0 млн доллари амрикоӣ аз ҳисоби маблағҳои қарзии имтиёзноки Бонки Исломии Рушд ва 25,0 млн доллари амрикоӣ аз ҳисоби гранти Фонди Шарикии глобалӣ дар соҳаи таҳсилот, ки тавассути Бонки Исломии Рушд маъмурӣ кунонида мешавад, маблағгузорӣ мегардад.

Powered by Froala Editor