Хадамоти матбуоти

01.02.2024 11:44:52
 Санаи 31 январи соли 2024 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири молия – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо cафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – хонум Элза Пинёл доир гардид.
       Дар аснои мулоқот рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат, аз ҷумла рақамикунонии иқтисодиёт, энергетика, саноат, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, тандурустӣ ва ғайра муҳим арзёбӣ гардид.

Powered by Froala Editor