Хадамоти матбуоти

06.02.2024 09:09:29

Санаи 1 феврали соли 2024 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири молия – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Умут Аҷар сурат гирифт.
Дар аснои вохӯрӣ, ки дар фазои ҳусни тафоҳум сурат гирифт, масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳо дар соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, инчунин, маорифу тандурустӣ, рақамикунонии иқтисодиёт ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои мавриди назар изҳор намуданд.


Powered by Froala Editor