ҚАҲҲОРЗОДА ФАЙЗИДДИН САТТОР   



 

Соли таввалуд:

5 августи соли 1971

 

 

Миллат:

Тоҷик

Таҳсилот:

Олӣ иқтисоди байналхалқӣ (Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро соли 1993-1997 хатм кардааст.)

Мукофотҳои давлатӣ:

Бо медали «Хизмати шоиста» мукофотонида шудааст.

 

ФАЪОЛИЯТИ МАҲНАТӢ:


 

1988-1989 с.

Фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси коргари нуқтаи пахтақабулкунии «Тосқалъа»-и ноҳияи Восеъ оғоз намуд.

1989–1992 с.

Дар сафи қувваҳои ҳарбию баҳрии Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ хизмат намуд.

1993-1997 с.

Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчии байналхалқӣ хатм кардааст.

1997-2015 с.

Дар вазифаҳои сардори хадамоти бехатарии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ҳисобдори дараҷаи 3, иқтисодчии дараҷаи 1, муовини сардори шуъбаи муомилоти пулӣ, cардори шуъбаи назорати асъории Департаменти фаъолияти иқтисодии берунӣ, сардори Шуъбаи назорати асъорӣ ва қарздиҳии Департаменти фаъолияти иқтисодии берунӣ, Муовини директор – сардори Идораи амалиётҳои асъории Департаменти фаъолияти иқтисодии берунии Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи «Ориёнбонк», Муовини Директори Агентии хариди давлатии молҳо, кор ва хизматрасонӣ, Муовини директори Агентии хариди давлатии мол, кор, хизматрасонӣ ва ташкили фаъолияти биржавӣ, Муовини сардори Сарраёсат – сардори Раёсати таҳияи барномаҳои давлатии сармоягузорӣ ва маблағгузориҳои мутамарказ, Сардори Сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

2015-2016 с.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 ноябри соли 2015 ба вазифаи Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

2016-2017 с.

Муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

2017-2018 с.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2017 Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

2018-2020 с.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 январи соли 2018 Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

Аз ноябри соли 2020

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 ноябри соли 2020 Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.