Press Service

6/11/2024 4:50:10 PM
Санаи 10 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҷаласаи навбатии Кумитаи ҳамоҳангсозии Маркази минтақавии рушди иқтидор барои кишварҳои Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистони Хазинаи Байналмилалии Асъор баргузор гардид.
      Ҷаласаро муовини якуми вазири молия – раиси Кумитаи ҳамоҳангсозии Маркази минтақавии рушди иқтидор барои кишварҳои Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистони Хазинаи Байналмилалии Асъор Маҷидӣ Юсуф Хайрулло ифтитоҳ бахшида, ба иштирокчиёни ҷаласа, ки тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ ширкат доштанд, барору комёбӣ таманно намуданд.
      Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои марбута, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, директори Маркази минтақавии рушди иқтидор барои кишварҳои Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистони ХБА – Норберт Функе, инчунин  намояндагони аъзои Маркази болозикр иштирок намуданд.
       Дар аснои ҷаласа аз ҷониби иштирокчиён роҷеъ ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа маърӯзаҳо манзур карда шуд.

   

Powered by Froala Editor