Press Service
7/3/2024 4:17:33 PM
Санаи 3 – юми июли соли 2024 дар вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири молия – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо вазири молияи Ҷумҳурии Қирғизистон – Бакетаев Алмаз Кушбекович, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Гурӯҳи электорати Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки Умумиҷаҳонӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, баргузор гардид.
Дар оғози вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати истифодаи иқтидорҳои мавҷуда дар самти тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорати молияи Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳошияи иштирок дар созмонҳои байналмилалии молиявӣ мубодилаи афкор намуданд.
Powered by Froala Editor