Press Service
7/8/2024 2:05:45 PM
Санаи 5 июли соли 2024 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Сессияи стратегии Фонди Авруосиёии Муътадилгардонӣ ва Рушд вобаста ба муҳокимаи натиҷаҳои баҳодиҳии фосилавӣ ва навсозии Стратегияи Фонд ва Стратегияи кишварии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти вазоратҳои молияи кишварҳои узви Фонд баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - Маҷидӣ Юсуф Хайрулло иштирок намуда, оид ба фаъолияти Фонд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.
Қайд карда шуд, ки айни замон аз ҷониби Фонд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор лоиҳа ба маблағи 218,0 млн доллари ИМА, аз ҷумла се барномаи дастгирии буҷети давлатӣ, лоиҳаҳо оид ба барқарорсозии НБО “Норак” (марҳилаи 1), навсозии низоми обёрии ноҳияи Зафаробод, грантҳо дар соҳаи тандурустӣ ва идоракунии молияи давлатӣ амалӣ гардида истодааст.
Дар Стратегияи кишварии Фонди Авруосиёии Муътадилгардонӣ ва Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани ислоҳоти сохтории иқтисодиёт ва такмили институтҳои асосӣ, навсозии инфрасохтори асосӣ (энергетикӣ, кишоварзӣ, роҳсозӣ, иҷтимоӣ) ва рушди сармояи инсонӣ пешбинӣ гардидаанд.
Дар маҷмӯъ ислоҳотҳои пешбинишуда ва самтҳои дастгирӣ, ки дар стратегияи кишварӣ дарҷ гардидаанд, актуалӣ боқӣ мемонанд.
Фонди Авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд дар асоси Шартнома дар бораи таъсиси Фонди Авруосиёии Муътадилгардонӣ ва Рушд аз 9 июни соли 2009 аз ҷониби ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Федератсияи Русия таъсис дода шуда, ҳадафи асосии он мусоидат ба устувории иқтисодӣ ва молиявии кишварҳои узви Фонд мебошад.
Powered by Froala Editor