Press Service
7/17/2024 8:48:57 AM
Бо мақсади шиносоӣ бо таҷрибаи Ҷумҳурии Арманистон дар самти буҷетикунонии ба натиҷа нигаронидашуда, татбиқи ислоҳот дар низоми соҳаи маориф, аз ҷумла дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва минёнаи касбӣ, таъмини шаффофияти буҷети давлатӣ, амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба назорати беруна аз рӯйи иҷрои буҷети давлатӣ 15 – 16 июли соли 2024 дар доираи Созишномаи молиявиӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба таҳсилот ва тайёрии техникӣ, инчунин барномаи дастгирии буҷети бахши шуғл, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорати молия, вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, инчунин дигар намояндагони вазорату идораҳо ва кормандони мақомоти маҳаллии молия як қатор вохӯриҳоро бо сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Арманистон доир намуд.
Дар ин замина, вохӯрии муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбониён Сарвар бо муовини вазири молияи Ҷумҳурии Арманистон ҷаноби Сирунян Ваган баргузор гардида, дар доираи он таҷрибаи кишвари мазкур дар самти идоракунии молияи давлатӣ, аз ҷумла оид ба ҷорӣ намудани низоми буҷетикунонии барномавӣ ва шаффофияти буҷет, инчунин масъалаҳо марбут ба табодули таҷриба мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамзамон, вохӯриҳо бо роҳбарияти Идораи буҷетии Парлумони кишвари Арманистон, Палатаи аудит, Вазорати маориф сурат гирифта, дар аснои он таҷрибаи Ҷумҳурии Арманистон оид ба амалинамоии чорабиниҳои назорати беруна аз рӯйи иҷрои буҷети давлатӣ, аудити самаранокӣ, ислоҳот дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ муаррифӣ карда шуд.
Мавриди тазаккур аст, ки ҷонибҳо барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба, инчунин шиносоӣ бо таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти идоракунии молияи давлатӣ омодагии хешро иброз намуданд.
Powered by Froala Editor