Press Service

7/26/2024 7:42:50 AM
  Санаи 23 июли соли 2024 дар шаҳри Душанбе, таҳти роҳбарии муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон -  Маҷидӣ Юсуф Хайрулло бо иштироки мушовири байналмилалии Бонки Осиёии Рушд (БОР) - Георгий Лалиашвилӣ, инчунин роҳбарони ташкилотҳои бонкӣ ва суғуртавӣ чорабинӣ ҷиҳати муҳокимаи вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди бозори коғазҳои қиматноки давлатӣ баргузор гардид.
       Дар чорабинӣ масъалаҳои гуногуни марбут ба интишор ва муомилоти коғазҳои қиматноки давлатӣ, инчунин беҳтар намудани шароити хариду хизматрасонии онҳо дар бозорҳои молиявӣ баррасӣ гардиданд. 
      Муовини якуми вазири молия - Маҷидӣ Ю., вобаста ба барориши қаблии коғазҳои қиматноки давлатӣ маълумот пешниҳод намуда, аҳамияти ҳамкории фаъолонаро бо бонкҳо ва ташкилотҳои суғуртавӣ бо мақсади дастгирии суботи бозори молиявӣ ва таъмини фаъолияти самараноки низоми молияи давлатӣ таъкид намуданд.
      Сипас, аз ҷониби мушовири байналмилалии БОР рӯнамо дар мавзӯи самаранокии сармоягузорӣ ба коғазҳои қиматноки Вазорати молия ва инчунин тавсияҳои Бонки Осиёии Рушд вобаста ба ҳавасмандгардонии минбаъдаи бозор ва афзоиши шумораи иштирокчиёну сармоягузорон пешниҳод гардид.
      Дар интиҳои чорабинӣ миёни иштирокчиён оид ба мушкилоти ҷорӣ ва имкониятҳо барои беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ дар кишвар мубодилаи афкор сурат гирифт.


Powered by Froala Editor