Пресс служба

09.08.2024 17:39:03

1. Оид ба натиҷаҳои фаъолияти Вазорати молия дар нимсолаи якуми соли 2024

 

Дар нимсолаи якуми соли 2024 фаъолияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, пеш аз ҳама ҷиҳати пешбурди сиёсати молиявии кишвар, аз ҷумла баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, суғуртавӣ, асъорӣ, бозори молиявӣ, коғазҳои қиматноки давлатӣ, хазинаи сарватҳои давлатӣ, ба Буҷети давлатӣ ва фондҳои давлатӣ ворид намудани андозҳо, боҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии давлатӣ, инчунин иҷрои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои нимсолаи якуми соли 2024 равона гардидааст. 

Дар давраи ҳисоботӣ ба Вазорат 11196 адад ҳуҷҷат, аз ҷумла 2737 адад аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 7600 адад аз вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин 859 адад аризаи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ворид гардид. 

Ҳуҷҷатҳои воридшуда тибқи тартиби муқарраргардида мавриди баррасӣ қарор дода шуда, 4229 мактуби ҷавобӣ ба мақомоти дахлдор ирсол карда шуд.

Дар нимсолаи якуми соли 2024 аз ҷониби вазорат 70 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардида, аз ин теъдод 16 адад бо қарорҳои дахлдор қабул ва тасдиқ гардиданд, 54 санади меъёрии дигар дар баррасии мақомоти дахлдор қарор дорад.

Ҳамзамон, дар доираи фаъолияти Вазорати молия бо мақсади ҷиҳати беҳтар намудани мақоми кишвар дар раддабандиҳои ҷаҳонӣ, хусусан дар индекси байналмилалии шаффофияти буҷет корҳои муайян ба анҷом расонида шуд.

Дар ин раванд, тибқи баҳогузории коршиносони мустақил дар соли ҷорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  индекси байналмилалии шаффофияти буҷет 33 холро соҳиб шуд, ки он нисбат ба баҳогузории қабли ду маротиба болотар аст (баҳогузории соли 2021 – 16 хол). 

Ҳамзамон, мақоми кишвар дар раддабандии болозикр аз зинаи 106-ум ба 90-ум расид.

 

2.      Фаъолияти иҷозатномадиҳӣ

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» аз ҷониби вазорат ҷиҳати танзими фаъолияти бозиҳои лоторея, истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ, барои сохтани маснуоти заргарӣ, фаъолияти аудиторӣ ва фаъолияти гаравхонаҳо як қатор корҳо ба анҷом расонида шуд. 

Аз ҷумла, ҷиҳати пешбурди намудҳои фаъолияти болозикр,                5 адад иҷозатнома барои фаъолияти бозии лото, 5 адад иҷозатнома барои фаъолияти иштирокчии касбии коғазҳои қиматнок, 1 адад иҷозатнома барои фаъолияти лотереяи электронӣ, 3 адад иҷозатнома барои фаъолияти букмекерӣ, 3 адад иҷозатнома барои фаъолияти гаравхона (ломбард) ва 25 адад иҷозатнома барои фаъолияти лотерея дода шуд, ки дар маҷмуъ 42 ададро ташкил медиҳанд. 

Ҷиҳати иҷрои талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои додани иҷозат ба шахсони воқеӣ барои истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ» аз 27 ноябри соли 2019, №600 аз ҷониби Комиссия оид ба баррасии ариза ва пешниҳоди ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ба шахсони воқеӣ барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхурда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ, ки тибқи замимаи             3 фармоиши Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2020, №3 тасдиқ гардидааст, дар давраи ҳисоботӣ ба 223 нафар муроҷиаткунанда ҳуҷҷати иҷозат дода шудааст, ки ба ВМКБ                18 нафар, вилояти Хатлон 36 нафар, вилояти Суғд 9 нафар, шаҳри Душанбе 16 нафар ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 144 нафар рост меояд.

Дар асоси Созишнома оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата байни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ ва тибқи талаботи моддаи 11 ва 132 Кодекси андоз дар нимсолаи якуми соли 2024 ба 215 шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, фаъолияти соҳибкориро қисман дар дигар давлатҳо амалӣ менамоянд, аз ҷумла 110 шахсони воқеӣ ва                 105 шахси ҳуқуқӣ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи резидентӣ дода шудааст.

 

3. Рушди нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ

Мутобиқи маълумоти расмии оморӣ дар моҳҳои январ - июни соли 2024 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 61712,5 млн сомонӣ ва суръати афзоиши он ба 8,2 фоиз баробар гардид. 

Рушди иқтисодиёти мамлакат дар ин давра аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 11,5 фоиз, гардиши бор 12,5 фоиз, мусофиркашонӣ 18,1 фоиз, кишоварзӣ 9,6 фоиз, сохтмон 15,7 фоиз, гардиши савдо 11,9 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ дар маҷмуъ                 16,6 фоизро ташкил додааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ ба                4414,3 млн доллари амрикоӣ баробар гардид. Аз ҷумҳурӣ ба маблағи 997,8 млн доллари амрикоӣ молу маҳсулот содирот карда шуда, ҳамзамон ба ҷумҳурӣ ба маблағи 3416,5 млн доллари амрикоӣ молу маҳсулот ворид гардидааст. 

 

4. Иҷрои қисми даромади Буҷети давлатӣ

Бо назардошти тамоюли мусбии рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2024 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои даромад дар сатҳи                107,9 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 21,2 млрд сомонӣ маблағ ворид гардид.

Иҷрои нақшаи даромади дохилӣ аз ҷониби Кумитаи андоз дар сатҳи 105,9 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 9,8 млрд сомонӣ ворид карда шуд. Ҳаҷми воридоти маблағҳо нисбат ба нақша 546,4 млн сомонӣ зиёд мебошад. 

Ҳамзамон дар давраи ҳисоботӣ воридоти маблағҳо аз ҳисоби фаъолияти Хадамоти гумрук дар сатҳи 106,5 фоизи нақша таъмин карда шуда, ба буҷет 4,6 млрд сомонӣ ворид гардид. 

Барзиёдии воридоти маблағҳо нисбат ба нақша 280,2 млн сомониро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, ки дар қисми даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ ба инобат гирифта мешавад, дар нимсолаи якум 3,4 млрд сомонӣ аз худ карда шуд. Аз маблағи зикршуда 2,3 млрд сомонӣ маблағҳои грантӣ ва 1,1 млрд сомонӣ маблағҳои қарзӣ мебошад.

Аз ҳисоби хизматрасониҳои пулакӣ ба суратҳисоби махсуси ташкилотҳои буҷетӣ 1,5 млрд сомонӣ ворид гардидааст.

Ҷиҳати дастгирии Буҷети давлатӣ дар ин давра дар доираи Барномаи ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо 4,0 млн евро маблағҳои грантӣ барои дастгирии Буҷети давлатӣ ҷалб карда шудааст.

Нақшаи қисми даромади буҷети ҷумҳуриявӣ дар сатҳи                110,0 фоиз таъмин шуда, ба буҷети мазкур 10,1 млрд сомонӣ ворид гардид. 

Дар нимсолаи якуми соли равон иҷрои нақшаи қисми даромади буҷетҳои маҳаллӣ дар сатҳи 107,0 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми умумии воридоти маблағҳо 5,0 млрд сомониро ташкил дод. Ҳаҷми воридоти маблағҳо нисбат ба нақша 308,0 млн сомонӣ зиёд мебошад. 

5. Идоракунии хароҷоти Буҷети давлатӣ

Хароҷоти буҷети давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2024 дар доираи нақшаи пешбинигардида ва иҷроиши воқеъии даромадҳои буҷет амалӣ карда шуда, ба соҳаҳои иқтисодии кишвар зиёда аз            20,0 млрд сомонӣ равона гардид.

Аз ҷумла, ба соҳаҳои маориф ва илм 3,7 млрд сомонӣ, комплекси сӯзишворию энергетикӣ 3,6 млрд сомонӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 2,5 млрд сомонӣ, тандурустӣ 1,7 млрд сомонӣ, нақлиёт ва коммуникатсия 1,2 млрд сомонӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ 1,1 млрд сомонӣ, ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 1,1 млрд сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 906,9 млн сомонӣ, кишоварзӣ 387,5 млн сомонӣ, сохтмон ва саноат 97,2 млн сомонӣ равона карда шуд. 

Дар давраи ҳисоботи хусусияти иҷтимоии буҷет нигоҳ дошта шуда, ба соҳаҳои иҷтимоӣ бо дарназардошти хароҷоти соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 9,9 млрд сомонӣ равона гардид, ки он 49,7 фоизи ҳаҷми умумии хароҷот ташкил менамояд. 

Барои музди меҳнати кормандони ташкилотҳои буҷетӣ 4,9 млрд сомонӣ, дигар моддаҳои ҳимояшаванда, бахусус барои пардохти нафақа 2,0 млрд сомонӣ, ҷубронпулӣ ва кумакпулиҳо ба маблағи 366,8 млн сомонӣ, хизматрасонии коммуналӣ 196,3 млн сомонӣ ва идрорпулӣ 69,3 млн сомонӣ пардохт карда шуд. 

Барои таъмини фаъолияти сиёсати берунаи кишвар аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 156,6 млн сомонӣ, аз ҷумла барои нигоҳдории намояндагиҳои дипломатии ҷумҳурӣ дар хориҷи кишвар 87,1 млн сомонӣ ва аъзоҳаққиҳои ҷумҳурӣ дар созмонҳои байналмилалӣ            50,4 млн сомонӣ пардохт гардид.

Дар доираи татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ маблағҳои қарзӣ дар ҳаҷми 3,4 млрд сомонӣ ва грантӣ 2,3 млрд сомонӣ, маҷмӯан маблағи 1,1 млрд сомонӣ азхуд карда шуд. 

Аз ин ҳисоб, барои рушди соҳаҳои ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 115,5 млн сомонӣ, маориф 191,5 млн сомонӣ, тандурустӣ 359,7 млн сомонӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ 275,5 млн сомонӣ, фарҳангу варзиш 139,5 млн сомонӣ, энергетика 1,0 млрд сомонӣ, кишоварзӣ 255,4 млн сомонӣ ва нақлиёт 975,6 млн сомонӣ равона карда шуд.

 

6. Ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва ҷалби лоиҳаҳои сармоягузорӣ

Дар нимсолаи якуми соли 2024 дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои мамлакат аз ҷониби Вазорати молия 18 созишнома барои татбиқи 8 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба имзо расонида шуд, ки маблағи умумии онҳо 459,9 млн доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Аз ин маблағ 93,2 млн доллари амрикоӣ ё 20,3 фоизи он маблағҳои грантӣ, 354,7 млн доллари амрикоӣ ё 77,1 фоиз маблағҳои қарзӣ ва 12,0 млн доллари амрикоӣ ё 2,6 фоиз саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, аз ҷумла:

  1. Санаи 2 январи соли 2024 бо Бонки Умумиҷаҳонӣ вобаста ба лоиҳаи «Миллати солим» созишномаҳои грантӣ дар ҳаҷми 57,3 млн доллари амрикоӣ;
  2. Санаи 30 январи соли 2024 бо Бонки Исломии Рушд ҷиҳати татбиқи лоиҳаи «Татбиқи стратегияи рушди идоракунии маориф марҳилаи 2» созишномаҳои қарзию грантӣ ба маблағи 78,0 млн доллари амрикоӣ; 
  3. Санаи 28 феврали соли 2024 бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Таҷдиди зеристгоҳи Суғд-500» созишномаҳои гранию қарзӣ дар ҳаҷми 36,0 млн доллари амрикоӣ. 
  4. Санаи 3 апрели соли 2024 бо Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ вобаста ба лоиҳаи «Роҳи Обигарм - Нуробод – пули дароз ва роҳҳои ба он васлшаванда» ба маблағи 75,5 млн доллари амрикоӣ;
  5. Санаи 21 апрели соли 2024 бо Бонки Исломии Рушд ҷиҳати татбиқи Лоиҳаи “Барқарорсозии роҳи Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстӣ” (марҳилаи I) ба маблағи 31,0 млн доллари амрикоӣ;
  6. Санаи 29 апрели соли 2024 бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба Лоиҳаи “Таҷдиду азнавсозии соҳил - Беҳтар намудани ҳаракати дар шаҳри Душанбе” ба маблағи 30,7 млн доллари амрикоӣ;
  7. Санаи 29 апрели соли 2024 бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд илова ба созишномаи қарзии Лоиҳаи “Барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва канализатсияи ноҳияи Файзобод” ба маблағи                 1,5 млн доллари амрикоӣ;
  8. Санаи 10 июни соли 2024 бо Бонки Исломии Рушд вобаста ба Идомаи сохтмони Роғун (Лоти 4 - соҳили чап) ба маблағи 150,0 млн доллари амрикоӣ.

 

7. Қарзи давлатӣ

Ҳаҷми умумии қарзи давлатӣ ба ҳолати 1 июли соли 2024 ба 3,6 млрд доллари амрикоӣ ё 27,5 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар гардид, ки аз он 3,2 млрд доллари амрикоӣ ё 88,0 фоиз қарзи беруна ва доираи 400 млн доллари амрикоӣ ё 12,0 фоиз қарзи дохилӣ мебошад. 

Дар нимсолаи якуми соли 2024 барои хизматрасонии қарзи берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 135,0 млн доллар пардохт шудааст, ки аз он пардохти қарзи асосӣ 92,2 млн доллар ва фоизи қарз                 42,8 млн долларро ташкил медиҳад.

Таъмини уҳдадориҳои молиявии давлат дар доираи нақшаи тасдиқшуда ба роҳ монда шуда, қарздорӣ аз рӯйи он дар назди созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва давлатҳои алоҳида вуҷуд надорад. 

Бояд қайд намуд, ки ҳаҷми умумии қарзи берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 июли соли 2024-ум 3,2 млрд долларро ташкил медиҳад, ки ин ба 23,7 фоизи ММД баробар мебошад.

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳият ва ваколатҳои худ мунтазам ҷиҳати таъмини суботи молиявӣ, идоракунии самараноки молияи давлатӣ ва дар маҷмуъ рушди иқтисодиёти миллӣ тамоми чораҳои муассирро амали менамояд.

Маълумоти муфассал доир ба иҷро ва банақшагирии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи қарзи давлатӣ, рушди бозори коғазҳои қиматнок, амалӣ намудани ислоҳот дар низоми молияи давлатӣ ва дигар маълумоти зарурӣ марбут ба фаъолияти вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомонаи расмии вазорат бо нишонии www.moliya.tj дастрас мебошад.

 


 


Powered by Froala Editor