Пресс служба

13.08.2024 15:50:02

Нимаи дуюми санаи 12 августи соли 2024 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии созишномаҳои грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Барномаи беҳтар намудани муҳити тиҷорат бо назардошти тағйирёбии иқлим» ва маблағгузории иловагии лоиҳаи «Барқарорсозии нерӯгоҳи барқи обии Сарбанд бо иқтидори 240 МВт» сурат гирифт. 

Созишномаҳои мазкурро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон – хонум Шени Кембел ба имзо расониданд.

Ҳадафи асосии лоиҳаи «Барномаи беҳтар намудани муҳити тиҷорат бо назардошти тағйирёбии иқлим» ин таҳкими корхонаҳои хурду миёна, такмил додани идоракунӣ, шаффофият, рақамикунонӣ ва баланд бардоштани мусоидат ба савдои байналмилалӣ бо назардошти тағйирёбии иқлим иборат мебошад.

Маблағи Барномаи мазкур 50,0 млн доллари амрикоиро ташкил намуда, он барои дастгирии буҷети давлатӣ равона карда мешавад.

Мақсади асосии маблағгузории иловагии лоиҳаи «Барқарорсозии нерӯгоҳи барқи обии Сарбанд бо иқтидори 240 МВт» ин иваз ва ба кор андохтани агрегати рақами 4-и нерӯгоҳи барқи обии Сарбанд буда, он боиси то 274 МВт зиёд шудани иқтидори генераторҳо мегардад.

Арзиши маблағгузории иловагии лоиҳа 21,0 млн доллари амрикоиро ташкил намуда, пурра аз ҳисоби маблағҳои грантии Бонки Осиёии Рушд пешбинӣ шудааст.


Powered by Froala Editor