Пресс служба

23.08.2024 17:11:45

Нимаи аввали рӯзи 23 августи соли 2024 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии созишномаҳои грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи “Воситаҳои устувор барои зиндагӣ ва васеънамоии ҳуқуқ ва имкониятҳои занони деҳот” ва маблағгузории иловагии лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” сурат гирифт. 

Созишномаҳои мазкурро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон – хонум Шени Кемпбел ба имзо расониданд.

Ҳадафи лоиҳаи “Воситаҳои устувор барои зиндагӣ ва васеънамоии ҳуқуқ ва имкониятҳои занони деҳот” ин баланд бардоштани ихтисос, омӯзиши технологияи муосири истеҳсолот, навоварӣ ва қобилияти таҳким барои азнавсозии системаи тақсимоти маълумотҳои вобаста ба маърифатнокии кишоварзӣ ба занони деҳот ва кормандони соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад.

Мақсади асосии маблағгузории иловагии лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” ин беҳтар намудани таъмини хизматрасонии босифат барои саломатии модару кӯдак дар ноҳияҳои зерҳадафи лоиҳа, навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии беморхонаҳою марказҳои саломатӣ, бунёди таваллудхонаҳо, таъмини таҷҳизотҳои муосир барои саломатии модар ва кӯдак, инчунин баланд бардоштани донишу малакаҳои кормандони соҳаи тиб барои хизматрасониҳои тиббӣ мебошад.

Арзиши лоиҳаи “Воситаҳои устувор барои зиндагӣ ва васеънамоии ҳуқуқ ва имкониятҳои занони деҳот” 17,5 млн доллари амрикоӣ ва маблағгузории иловагии лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” бошад 30,0 млн доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Маблағҳои мазкур пурра аз ҳисоби маблағҳои грантии Бонки Осиёии Рушд маблағгузорӣ мегарданд.


Powered by Froala Editor