Press Service

10/2/2024 8:41:20 AM
Санаи 1 октябри соли 2024 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири молия – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Ноиби Президенти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд – ҷаноби Марк Боуман баргузор гардид.
        Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳо дар соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, аз ҷумла дар бахши хоҷагии манзилию коммуналӣ, энергетика, нақлиёт ва ғайра мубодилаи афкори судманд намуданд.
       Ҳамзамон, дар доираи вохӯрӣ ҷонибҳо тағйирот ба созишномаи грантӣ дар доираи маблағгузории лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва обпарто дар ноҳияи Файзобод» ба маблағи 1,35 млн евро ва созишномаҳои қарзии имтиёзнокро барои татбиқи лоиҳаи «Беҳтаркунии низоми обтаъминкунӣ дар шаҳри Бохтар» дар ҳаҷми 4,0 млн евро, инчунин лоиҳаи «Беҳтаркунии низоми обтаъминкунӣ дар ноҳияи Данғара»-ро ба маблағи 4,0 млн евро ба имзо расониданд.
       Мақсади асосии лоиҳаҳои болозикр ин сохтмон ва барқарорсозии обанборҳои мавҷуда буда, баҳри беҳтаргардонии сифат, безараргардонии оби нӯшокӣ ва саривақт бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии шаҳру ноҳияҳои зерҳадаф ба ҳисоб меравад.
        Қобили қайд аст, ки дар доираи лоиҳаҳои болозикр аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд кумаки техникӣ ба маблағи 1,6 млн евро ҷудо мегардад.


       

Powered by Froala Editor