Пресс служба
10.10.2024 8:00:42
Дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазири молия Маҷидӣ Юсуф Хайрулло бо ҳайати Миссияи Бонки Осиёии Рушд, ки ҷиҳати анҷоми сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, баргузор гардид.
Дар аснои вохӯрӣ масъалаҳои кумакҳои техникии “Барномаи беҳтар намудани муҳити тиҷорат бо назардошти тағйирёбии иқлим”, “Дастгирии идоракунии қарзи давлатӣ ва шаффофият дар Тоҷикистон” ва “Ноил шудан ба ҳадафҳои тағйирёбии иқлим тавассути ислоҳоти идоракунии молияи давлатӣ” мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Қобили қайд аст, ки дар доираи ташрифи Миссияи мазкур барои кормандони вазорату идораҳои дахлдор семинар-машваратҳои омӯзишӣ дар мавзӯъҳои мавриди назар доир карда мешавад.
Powered by Froala Editor