Пресс служба

12.10.2024 17:48:17
      Санаи 10 октябри соли 2024 дар ҳошияи сафари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода У.Ю., ба шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия, дар қароргоҳи Фонди давлатҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) маросими баимзорасонии марҳилаи аввали Созишномаи қарзӣ оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК барои татбиқи лоиҳаи “НБО Роғун (Лоти 4)” дар ҳаҷми 25,0 млн доллари амрикоӣ баргузор гардид. 
      Созишномаи мазкурро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва Президенти Фонди давлатҳои содиркунандаи нафт оид ба рушди байналмилалӣ - доктор Абдулҳамид Алхалифа ба имзо расониданд. 
      Қобили қайд аст, ки маблағи умумӣ аз ҷониби Хазинаи ОПЕК барои лоиҳаи мазкур 100,0 млн доллари амрикоиро ташкил намуда, он тавассути 4 марҳила, яъне дар доираи созишномаҳои алоҳида дар ҳаҷми 25,0 млн доллари амрикоӣ амалӣ мегардад. 
      Ҳадаф аз татбиқи лоиҳа ин саҳм гузоштан ба амнияти энергетикӣ ва рушди иқтисодии кишвар тавассути афзоиши истеҳсоли нерӯи барқ бо мақсади таъмини бозори дохилӣ ва содироти он ба кишварҳои минтақа мебошад.



Powered by Froala Editor