Press Service

10/15/2024 1:38:14 PM
        
Дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд барои маблағгузории лоиҳаи «Азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ – маблағгузории иловагӣ» баргузор гардид.
      Созишномаи мазкурро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд – хонум Шенни Кемпбал ба имзо расониданд.
      Маблағи иловагӣ барои лоиҳаи мазкур 15,0 млн доллари амрикоиро ташкил намуда, пурра аз ҳисоби маблағҳои грантии Бонки Осиёии Рушд амалӣ карда мешавад.
       Маблағҳои иловагии ҷалбшаванда барои маблағгузории ҷузъҳои иловагӣ, аз ҷумла сохтмони 22 километр хатҳои нави интиқоли барқи 500 киловолта байни зеристгоҳҳои «Сирдарёи Нав»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва «Суғд»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтмони ду хати нави 500 киловолта дар ҳарду зеристгоҳҳо ва баланд бардоштани иқтидори кормандони техникӣ, бахусус донишҷӯдухтарони коллеҷҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, равона карда мешавад.


Powered by Froala Editor