Пресс служба
28.10.2024 7:42:56
Дар ҳошияи вохӯриҳои солонаи Гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ ва Хазинаи Байналмилалии Асъор, ки рӯзҳои 21-25 октябри соли 2024 дар шаҳри Вашингтон баргузор гардид, мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Ноиби Президенти Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Антонелла Бассани сурат гирифт.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба татбиқи ислоҳот дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт, аз ҷумла дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии бахши хусусӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак мавриди муҳокима қарор дода шудаанд.
Powered by Froala Editor