Пресс служба

28.10.2024 7:49:42
       Дар ҳошияи ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ ва Хазинаи Байналмилалии Асъор, ки дар шаҳри Вашингтон баргузор гардид, мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Президенти Бонки Осиёии Рушд ҷаноби Масатсугу Асакава баргузор гардид.
      Дар оғози мулоқот Вазири молия Қаҳҳорзода Ф.С., аз ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Бонки Осиёии Рушд изҳори миннатдорӣ намуданд. 
      Дар рафти мулоқот атрофи татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаҳои воқеии иқтисодиёт мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.
     Дар интиҳои вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои мавриди назар изҳор намуданд.

Powered by Froala Editor