Пресс служба

01.11.2024 16:41:13
Санаи 1 ноябри соли 2024 дар Вазорати молия маросими баимзорасонии созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд барои «Лоиҳаи намоишии Долони Сабз» баргузор гардид.
      Созишномаи мазкурро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва намояндаи Бонки Осиёии Рушд – хонум Родора Консепсион ба имзо расониданд.
       Маблағи умумии созишномаи мазкур 86,6 млн доллари амрикоиро ташкил намуда, пурра аз ҳисоби маблағҳои грантии Бонки Осиёии Рушд амалӣ карда мешавад.
       Мақсади лоиҳаи мазкур ин сохтмон ва азнавсозии 49 км роҳи автомобилгарди Данғара – Гулистон ва васеънамоии он ба 4 хат бо дарбаргирии элементи «Роҳи сабз», сохтмони 48,8 км роҳи велосипедронӣ, сохтмони 2 нуқтаи барқдиҳии автомобилҳои электронӣ ва ҷудо намудани маблағҳои грантӣ барои соҳибкорзанони минтақаи зерҳадафи лоиҳа мебошад.


Powered by Froala Editor