Press Service

11/12/2024 8:53:22 AM
 Санаи 11 ноябри соли 2024 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири молия – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо намояндаи Бонки Осиёии Рушд – хонум Родора Консепсион баргузор гардид. 
      Дар аснои вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба татбиқи пурсамари лоиҳаҳои амалкунандаи соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, аз ҷумла нақлиёту энергетика, инчунин ҷалби маблағҳои грантӣ барои амалисозии лоиҳаҳои нави афзалиятноки сармоягузорӣ ва ғайра табодули афкор намуданд.


Powered by Froala Editor