Пресс служба

21.11.2024 8:06:37
  Нимаи дуюми рӯзи 20 ноябри соли 2024 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири молия – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ, Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
       Дар аснои вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба татбиқи пурсамари Лоиҳаи дуюми мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ, инчунин ҷалби маблағҳои грантӣ барои амалисозии лоиҳаҳои нави афзалиятноки сармоягузорӣ ва дигар масъалаҳои мавриди назар табодули афкор намуданд.


Powered by Froala Editor