Press Service
11/21/2024 8:08:18 AM
Санаи 20 ноябри соли 2024 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини вазири молия – Саидзода Дилшод Мурод бо роҳбари Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шаҳри Душанбе – Вилли Кемпел баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкориҳо дар самти тақвияти шаффофият ва идоракунии самараноки молияи давлатӣ, мубодилаи таҷриба ва ташкили омӯзишҳои муштарак барои мутахассисони вазорат дар самтҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Powered by Froala Editor