Press Service

12/4/2024 10:03:03 AM


 Нимаи дуюми рӯзи 3 декабри соли 2024 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии созишномаҳои грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаҳои «Беҳтаркунии низоми обтаъминкунӣ дар шаҳри Бохтар» ва «Беҳтаркунии низоми обтаъминкунӣ дар ноҳияи Данғара» баргузор гардид.
     Созишномаҳои мазкурро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва намояндаи доимии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон – ҷаноби Холгер Вифел ба имзо расониданд.
      Қобили қайд аст, ки арзиши созишномаҳои грантӣ барои лоиҳаҳои болозикр 8,0 млн евроро ташкил менамояд. Аз ҷумла, барои татбиқи лоиҳаи «Беҳтаркунии низоми обтаъминкунӣ дар шаҳри Бохтар» 4,0 млн евро ва лоиҳаи «Беҳтаркунии низоми обтаъминкунӣ дар ноҳияи Данғара» низ 4,0 млн евро.
      Ҳадаф аз татбиқи лоиҳаҳои мазкур ин сохтмон ва барқарорсозии обанборҳои мавҷуда, беҳтаргардонии сифат, безараргардонии оби нӯшокӣ ва саривақт бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии шаҳру ноҳияҳои зерҳадаф ба ҳисоб меравад.



Powered by Froala Editor