Press Service

12/18/2024 4:24:20 PM


Нимаи дуюми рӯзи 18 декабри соли 2024 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб дар ҳаҷми 16,7 млн доллари амрикоӣ барои татбиқи лоиҳаи НБО «Роғун» баргузор гардид.
     Созишномаи мазкурро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва Директори генералии Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб - Валид Шимлон Ал-Баҳар ба имзо расониданд.
      Бояд тазаккур дод, ки ҳаҷми маблағгузорӣ, ки аз ҷониби Фонд пешниҳод мегардад 100,0 млн доллари амрикоиро ташкил дода, он дар 6 марҳила, тавассути созишномаҳои алоҳида ба маблағи 16,7 млн доллари амрикоӣ ҷудо мегардад.
      Ҳадафи лоиҳа ин саҳм гузоштан ба амнияти миллии энергетикӣ ва дастгирии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи таъмини нерӯи барқи барқароршаванда барои қонеъ кардани талаботи маҳаллӣ ва тавсеаи тавлиди нерӯи барқи дохилӣ ва минтақавӣ тавассути истеҳсоли 3600 МВт энергия мебошад.


                      

Powered by Froala Editor