Press Service

12/19/2024 3:26:55 PM
   
 Рӯзи 19 декабри соли 2024 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии созишномаи молиявӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд дар ҳаҷми 350,0 млн доллари амрикоӣ маблағи грантӣ барои татбиқи лоиҳаи «Маблағгузории устувор барои НБО Роғун» баргузор гардид.
      Созишномаи мазкурро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва Намояндаи доимии Гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ – Озан Севимлӣ ба имзо расониданд.
      Бояд тазаккур дод, ки ҳаҷми маблағгузорӣ, ки аз ҷониби Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд пешниҳод мегардад 650,0 млн доллари амрикоиро ташкил дода, он дар 2 марҳила тавассути созишномаҳои алоҳида ҷудо мегардад. 
      Ҳадафи лоиҳа таҳкими истиқлолияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодӣ буда, он ба таъмини дастрасӣ ба нерӯи барқи боэътимоду барқароршаванда, қонеъ кардани талаботи афзояндаи дохилӣ ва фароҳам овардани шароит барои тавсеаи иқтидори содиротии энергияи сабз дар миқёси минтақавӣ заминаи устувор мегузорад. 


         

Powered by Froala Editor