Press Service
12/23/2024 8:04:14 AM
Рӯзи 20 декабри соли 2024 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин маросими баимзорасонии созишномаи молиявӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Сармоягузорӣ ва Инфрасохторӣ дар ҳаҷми 1 922,2 млн юани чинӣ баробар ба 270,0 млн доллари амрикоӣ барои татбиқи лоиҳаи «Барномаи рушди НБО-и «Роғун», марҳилаи 1» баргузор гардид.
Созишномаи мазкурро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва Ноиби Президенти Бонки Осиёии Сармоягузорӣ ва Инфрасохторӣ ҷаноби Константин Лимитовский ба имзо расониданд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳаҷми маблағгузорӣ, ки аз ҷониби Бонки Осиёии Сармоягузорӣ ва Инфрасохторӣ барои сохтмони НБО «Роғун» пешниҳод мегардад 500,0 млн доллари амрикоиро ташкил дода, он дар 2 марҳила тавассути созишномаҳои алоҳида ҷудо карда мешавад.
Ҳадафи лоиҳа таҳкими истиқлолияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодӣ буда, барои ҳаммаблағгузории Лоти 1-ум ва Лоти 3А-и НБО-и «Роғун», инчунин сохтмон ва таъмири 55 км роҳ, аз ҷумла пулҳои байни деҳаҳо равона мегардад.
Powered by Froala Editor