Пресс служба

13.01.2025 9:34:52
12 январи соли 2025 дар шаҳри Мадинаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҷаласаи машваратии Мудирони кишварии Бонки Исломии Рушд баргузор гардид, ки дар доираи он муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон/Мудири алтернативии Бонки Исломии Рушд аз Тоҷикистон Маҷидӣ Юсуф Хайрулло аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.
        Дар аснои ҷаласа Маҷидӣ Ю. Х., қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, бахусус Бонки Исломии Рушд густариш ёфта, ба сатҳи сифатан нав баромаданд.
        Зикр гардид, ки дар соли 2024 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд созишномаҳо барои маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятноки кишвар дар ҳаҷми 200 млн доллари ИМА, бахусус идомаи сохтмони НБО “Роғун” ба маблағи умумии 150 млн доллари ИМА ба имзо расонида шуданд.
        Ҳамзамон, аз ҷониби Бонки Исломии Рушд дархост ба амал оварда шуд, ки ба соҳаҳои афзалиятноки кишвар, бахусус рақамикунонӣ, иқтисоди сабз, нақлиёт, таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди сармояи инсонӣ маблағҳои иловагӣ пешбинӣ намоянд, ки хуш пазируфта шуд.

Powered by Froala Editor