Пресс служба
14.01.2025 16:33:09
Дар бинои Вазорати молия маросими баимзорасонии созишномаҳои молиявӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ барои татбиқи лоиҳаи «Асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Созишномаи мазкурро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва намояндаи доимии Бонки Умумиҷаҳонӣ – Озан Севимлӣ ба имзо расониданд.
Маблағи умумии созишномаҳои мазкур 39,0 млн доллари амрикоиро ташкил намуда, 30,0 млн доллари амрикоӣ маблағҳои грантӣ аз ҳисоби Бонки Умумиҷаҳонӣ ва 9,0 млн доллари амрикоӣ маблағҳои грантӣ аз ҳисоби Котиботи давлатии Швейтсария оид ба масъалаҳои иқтисодӣ (SECO) мебошад.
Мақсади асосии лоиҳаи мазкур вусъат бахшидан ба дастрасӣ ва хизматрасониҳои алоҳидаи рақамии давлатӣ ва баланд бардоштани қобилиятҳои рақамии аҳолӣ мебошад.
Powered by Froala Editor