Press Service
1/21/2025 2:30:36 PM

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки тибқи тақвими тасдиқшудаи барориши коғазҳои қиматноки давлатӣ барои соли 2025, бароришҳои коғазҳои қиматноки давлатии дар моҳи январи соли ҷорӣ пешбинишуда дар ҳаҷми 90,0 млн сомонӣ муваффақона дар муомилот ҷойгир карда шуданд.
Дар баробари ин қайд менамояд, ки ба санаи 17 январи соли ҷорӣ вазорат уҳдадориҳои худро дар назди дорандагони коғазҳои қиматноки давлатӣ ба маблағи умумии 82,1 млн сомонӣ иҷро намуд. Пардохти хизматрасонии мазкур ба маблағи 81,5 млн сомонӣ аз рӯи арзиши номиналӣ, даромаднокии купонӣ ва дисконтии коғазҳои қиматноки давлатӣ бо назардошти ба итмом расидани муҳлати гардиши вомбаргҳои давлатии 6 моҳа ва 12 моҳа, инчунин аз рӯи даромаднокии купонии вомбаргҳои давлатии 24 моҳа ба маблағи 0,6 млн сомонӣ амалӣ карда шуд.
Бояд тазаккур дод, ки шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъӣ, аз ҷумла нерезидентҳо ҷиҳати харидорӣ намудани коғазҳои қиматноки давлатӣ метавонанд ба иштирокдорони касбии бозор ва ширкатҳои брокерӣ ё дилерӣ (бонкҳо) муроҷиат намоянд, аз ҷумла:
- Ширкати брокерии "Прайм Инвест",
- КВД БА "Амонатбонк",
- ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон”,
- ҶСК “Бонки рушди Тоҷикистон”
- ҶСК “Бонки Алиф”.
Даромадҳои аз ҳисоби хариду фурӯши коғазҳои қиматноки давлатӣ бадастомада тибқи қонунгузории амалкунанда андозбандӣ карда намешаванд.
Бо мақсади шинос шудан бо ҳаҷми барориши солона ва намудҳои коғазҳои қиматноки давлатӣ аз ҷониби вазорат Тақвими барориши коғазҳои қиматноки давлатӣ барои соли 2025 дар сомонаи расмӣ бо истиноди https://moliya.tj/Admin/Documents/GetFile/2218 ҷойгир карда шудаст.
Powered by Froala Editor