Press Service

2/7/2025 8:06:08 AM

 

  Санаи 6 феврали соли 2025 дар бинои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири молия – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо роҳбари намояндагии Бунёди ҳамкории рушди иқтисоди Бонки содиротию воридотии Корея “Эксимбонк” дар Осиёи Марказӣ – Санҷинг Канг баргузор гардид.
      Дар рафти вохӯрӣ масъалаи густариши ҳамкориҳо ва тарҳрезии лоиҳаҳои миёнамуҳлати муштарак барои солҳои 2025 – 2026 мавриди баррасӣ қарор гирифт. 
      Махсусан, қайд гардид, ки лоиҳаҳои мавриди назар бояд барои рушди иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои нақлиёт, тандурустӣ, рақамикунонӣ ва иқтисодиёти сабз равона карда шаванд.
      Дар маҷмӯъ вохӯрӣ дар фазои мусоиди ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.



Powered by Froala Editor