Пресс служба
26.03.2025 13:53:33

Аз санаи 25 то 27 марти соли 2025 дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия ҷаласаи пленарии иттиҳодияи PEMPAL таҳти унвони «Ояндаи идоракунии молияи давлатӣ: ҳамбастагии стратегӣ ва инноватсионӣ» баргузор мегардад, ки дар он намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайруллозода Шамсулло Хайрулло, иштирок доранд.
Қобили қайд аст, ки дар чорабинии мазкур зиёда аз 200 намояндаи вазоратҳои молия аз 30 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла 21 кишвари узви PEMPAL ширкат меварзанд.
Дар аснои ҷаласа лоиҳаи Стратегияи PEMPAL барои солҳои 2026 – 2030, нақшаи чорабиниҳо ва ҳисоботи натиҷаҳои бадастомада муаррифӣ гардида, ҳамзамон иштирокчиён атрофи масъалаҳои мавриди назар табодули афкор менамоянд.
Powered by Froala Editor