Пресс служба

26.03.2025 13:55:30


Санаи 26 марти соли 2025 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири молия Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Дабири кулли Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (СҲИ) Асад Маҷид Хон, ки бо сафари корӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, баргузор гардид.
       Дар рафти мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ ва тақвияти муносибатҳои байни Тоҷикистон ва Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ, бахусус дар самти густариши ҳамкориҳои молиявӣ ва бонкдорӣ миёни кишварҳои аъзои Созмон баррасӣ гардиданд.
       Зимни мулоқот Дабири кулли Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ Асад Маҷид Хон омодагии хешро ҷиҳати таҳкими ҳамкории бисёрсамтаи ташкилоти бонуфуз бо Тоҷикистон, ҳамчун кишвари фаъоли СҲИ таъкид намуда, омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкорӣ дар самтҳои рушди савдо ва сармоягузорӣ, нақлиёт ва энергияи барқароршаванда баён намуд.



Powered by Froala Editor