Press Service

4/23/2025 8:26:15 AM


Санаи 22 апрели соли 2025, дар ҳошияи иштирок дар ҷаласаҳои баҳории Гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ  ва Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс бо Директори Департаменти кишварҳои Ховари Миёна ва Осиёи Марказии ХБА ҷаноби Ҷиҳад Азур баргузор гардид.
      Дар аснои мулоқот Ҷиҳад Азур омодагии ХБА-ро барои идомаи ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҳукумати Тоҷикистон, инчунин таҳкими иқтидори институтсионалӣ ва мусоидат дар татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ баён намуд.
      Дар рафти мулоқот масъалаҳои вазъи макроиқтисодии Тоҷикистон, дурнамои рушди минбаъда, таҳкими устувории молиявӣ ва дигар масъалаҳои мавриди назар баррасӣ гардиданд.



Powered by Froala Editor