Press Service

4/23/2025 8:52:09 AM
    
Нимаи дуюми рӯзи 22 апрели соли 2025, дар ҳошияи баргузории ҷаласаҳои баҳории Гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ ва Хазинаи Байналмилалии Асъор, вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло, инчунин Вазири молия Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс бо муовини Президенти Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Антонелла Бассани баргузор гардид.
      Дар оғози мулоқот роҳбари ҳайати Тоҷикистон сипоси самимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ҳамкории судманд ва дастгирии ҳамаҷонибаи Бонк дар татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар баён доштанд.
      Ҳамзамон, ҷонибҳо раванди татбиқи лоиҳаҳои амалкунанда ва дурнамои таҳкими ҳамкориро дар заминаи ислоҳоти иқтисодӣ, идоракунии молияи давлатӣ, захираҳои энергетикӣ, рушди иқтисоди рақамӣ ва маблағгузории устувор, баррасӣ намуданд.
      Махсусан, ба масъалаи татбиқи Барномаи ислоҳотии "Амалиёти сиёсии рушд", ки ҷиҳати мукаммалсозии муҳити сармоягузорӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунии молиявӣ ва таҳкими фишангҳои сиёсати макроиқтисодӣ равона шудааст, таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.
     Ҷонибҳо муҳимияти таҳияи Стратегияи нави ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ (Country Partnership Framework – CPF) барои солҳои 2026–2030-ро қайд намуданд, ки он бояд дар асоси таҳлили амиқи имкониятҳо, самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди захираҳои инсонӣ, рақамикунонии иқтисодиёт ва пешгирии пайомадҳои тағйирёбии иқлим таҳия гардад.
      Дар аснои вохӯрӣ муовини Президенти Бонки Умумиҷаҳонӣ хонум Антонелла Бассани омодагии Бонкро барои идомаи ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шомил намудани Тоҷикистон ба ташаббусҳои минтақавӣ ва рушди платформаҳои нав барои ҳамгироии иқтисодӣ таъкид намуданд.
      Ҷонибҳо ибрози умедворӣ намуданд, ки ҳамкории дуҷониба дар марҳилаи нав бо мазмуни стратегӣ ва мақсаднок густариш хоҳад ёфт.


                    

Powered by Froala Editor