Press Service

4/25/2025 8:13:43 AM
   Cанаи 24 апрели соли 2025 дар шаҳри Вашингтони ИМА ҷаласаи кишварҳои электорати Бонки Умумиҷаҳонӣ ва Хазинаи Байналмилалии Асъор баргузор гардид.
     Дар ҷаласа ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо иштироки Вазири молия Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс иштирок намуданд.
      Зимни ҷаласа ҳайати Тоҷикистон доир ба нишондиҳандаҳои мусбати макроиқтисодии кишвар, аз ҷумла рушди ММД, коҳиши таваррум, баланд бардоштани нишондиҳандаҳои соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва хизматрасониҳои пулакӣ, инчунин сатҳи устувори қарзи давлатӣ маърӯза намуданд.
     Ҳамзамон, омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ бо кишварҳои электорат, дар самтҳои рақамикунонии иқтисодиёт, рушди иқтисоди сабз, беҳсозии муҳити сармоягузорӣ ва густариши истифодаи воситаҳои молиявии устувор баён карда шуд. Дар ин замина, тавсеаи ҳамкорӣ бо институтҳои байналмилалии молиявӣ ҳамчун омили муҳими рушди иқтисодии Тоҷикистон арзёбӣ гардид.

         

Powered by Froala Editor