Press Service
4/25/2025 8:20:28 AM

Санаи 25 апрели соли 2025 дар шаҳри Вашингтони ИМА мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо ноиби Президент оид ба амалиёти Агентии бисёрҷонибаи кафолати сармоягузорӣ (МИГА) ҷаноби Ҷунайд Камал Аҳмад баргузор гардид.
Қобили қайд аст, ки МИГА яке аз муассисаҳои Гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ буда, бо мақсади ҷалби сармоягузории хусусӣ ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ тавассути пешниҳоди кафолатҳои қарзию сиёсӣ ва паст намудани хавфҳои сармоягузорӣ таъсис ёфтааст.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба густариши ҳамкорӣ бо МИГА, хусусан дар самти истифодаи васеи кафолатҳо барои дастгирии маблағгузории устувор, коҳиш додани хавфҳои қарзгирӣ ва ҷалби сармояи хусусиро муҳокима намуданд.
Вазири молия таваҷҷуҳи хоса ба нақши кафолатҳои МИГА ҳамчун воситаи муҳими ҷалби сармоя, беҳтарсозии эътимод ба қарзгиранда ва паст кардани арзиши қарз зоҳир намуда, омодагии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати таҳияи лоиҳаҳои муҳими давлатӣ барои дастгирии кафолатнок таъкид намуд.
Илова бар ин ҷонибҳо омодагии худро барои ҳамкорӣ дар самти энергияи барқароршаванда, аз ҷумла энергияи офтобӣ баён намуданд.
Powered by Froala Editor