Press Service
4/25/2025 3:42:51 PM

Аз 14 то 18 апрели соли 2025 дар ҳамкорӣ бо Хазинаи кудакони Созмони Милали Муттаҳид ва СММ-Занон аз ҷониби ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини вазири молия – Қурбониён С., бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молия ва коршиносони маҳаллӣ сафари омӯзишӣ оид ба шиносоӣ бо таҷрибаи Малайзия оид ба ҳамоҳангии ҳадафҳои рушди устувор ба раванди таҳияи буҷети давлатӣ ба анҷом расонида шуд.
Дар рафти сафар вохуриҳо бо муовини вазири молия – хонум Лим Х. ва муовини вазири иқтисод – хонум Ҳаҷҷаҳ Ханифа баргузор гардида, вобаста ба идоракунии молияи давлатӣ, раванди банақшагирии нишондиҳандаҳои буҷетӣ, ҷорӣ намудани буҷетикунонии барномавӣ ба ҳадафҳои рушди устувор нигаронидашуда, таҷрибаи маблағгузории ҲРУ ва пайвасткунии он бо самтҳои сиёсати миллӣ, шаффофият, мониторинги татбиқи ҲРУ, фаъолияти Маркази миллии ҲРУ мубодилаи афкор намуда, ҳамзамон омодагии ҷонибҳо барои рушди ҳамкориҳои минбаъда баён карда шуд.
Ҳамчунин, бо шаҳрдори Куала-Лумпур – доктор Маймуна Моҳд Шариф, шаҳрдори иёлоти Пенанги Малайзия, намояндагони Парлумон, инчунин роҳбари маркази Урбаник Малайзия (Urbanice Malaysia) гуфтугӯ анҷом дода шуда, доираи он бо ташаббусҳои шаҳр дар самти татбиқи барномаи нави шаҳрсозӣ ва ташкили муҳити мусоид барои кӯдакон ва калонсолон, талошҳои шаҳр дар самти маҳаллисозии ҲРУ, банақшагирии гендерӣ ва ба иқлим нигаронидашуда дар сатҳи маҳал, нақши Парлумон дар татбиқи ҲРУ, иштироки шаҳрвандон дар рафти банақшагирии буҷет, шарикии давлатӣ бо бахши хусусӣ шиносоӣ карда шуд.
Сафари омӯзишӣ ба таҳкими робитаҳои институтсионалӣ, амиқтар кардани донишҳои амалӣ оид ба маҳаллисозии Ҳадафҳои рушди устувор ва муайян кардани роҳҳо барои ҳамкории давомдор байни Тоҷикистон ва Малайзия дар пешбурди рушди устувор саҳми назаррас хоҳад гузошт.
Powered by Froala Editor